Тақвияти тадбирҳои судманд дар самти риояи фарҳанги шаҳрнишинӣ
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, тақвияти тадбирҳои тозакороӣ ва риояи ҳамаҷонибаи маданияти шаҳрнишинӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе корҳои иттилоотонӣ бо сокинон густариш пайдо намудааст.
Дар ин замина бо ҷалби кормандони сохтору мақомоти марбутаи ноҳиявӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил шудааст, ки онҳо фаъолияти худро ҳамарӯза дар шаҳраку маҳаллаҳо ҷоннок намудаанд.
Дар раванди мулоқоту вохурӣ бо сокинон масъулин дар самти барориши саривақтии партовҳо аз шаҳраку маҳаллаҳо, ба нуқтаҳои муайян гузоштани партовҳо аз ҷониби сокинон, ба ӯҳдаи хурдсолон нагузоштани интиқоли партовҳо ва дигар масъалаҳои вобастаи бахши коммуналмву ободонӣ баромад намуданд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки дар бархе маврид сокинон партовҳои сахти майишии худро на дар нуқтаҳои муваққатии партовпартоӣ, балки дар дилхоҳ мавзеъҳои шаҳрак мегузоранд, ки ин амал боиси зиёд гардидани кори сохторҳои коммуналӣ ва халалдор шудани фазои экологӣ мегардад.
Бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолат ва огоҳӣ аз вазъи зиндагии сокинон, инчунин тақвияти хизматрасониҳои коммуналӣ чунин мулоқоту вохуриҳо ташкил гардидааст.
Дар дигар шаҳраку маҳаллаҳо ноҳия низ баргузории чунин тадбирҳои судманд дар назар аст.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ