image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар соли 2022

date_range23.01.2023, 10:59 chat_bubble_outline0 remove_red_eye361

Дар толори Кумитаи Миллии Олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе барои натичагирӣ дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои нимсолаи 1-уми соли 2023 баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, роҳбарияти Раёсати кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Ҳамчунин дар кори ҷаласа мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияҳои пойтахт ва фаъолҷавонон ҳузур доштанд.

Дар кори ҷаласаи ҷамъбастӣ аз рӯи масъалаи якум оид ба пешниҳоди ҳисоботи фаъолияти Раёсати кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар самтҳои кор бо ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи 1-уми соли 2023 бо назардошти муваффақият, мушкилот ҳолат ва дурнамо сардори Раёсати кор бо чавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва директори Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ"-и шаҳри Душанбе ҳисобот пешниҳод намуда, оид ба дастовардхо ва мушкилоти соҳа ибрози андеша намуданд.

Гуфта шуд, ки дар давоми соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар самти ҷавонон 1607 чорабинӣ ба таври алоҳида ташкил дод, ки 442 328 ҳазор нафарро фарогир буд. Ҳамзамон дар самти варзиш дар пойтахти кишвар 2 761 чорабинӣ аз ҷумлаи чемпионатҳои шаҳрӣ, фестивалу марафонҳо ва мусобиқаҳои сатҳи гуногун роҳандоши шуд. Вобаста ба масъалаи 2-юми рӯзнома Нақшаи кории фаъолияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, сохторҳои ноҳиявии он ва муассисаҳои варзишии пойтахт барои нимсолаи дуюми соли 2023 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"