Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони бахши сайёҳӣ ва ҳунармандии пойтахт
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои фаъолияти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ин навбат масъулин дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо кормандони бахши сайёҳӣ ва ҳунармандии пойтахт мулоқот анҷом доданд.
Дар вохӯрӣ роҳбарияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, ки аъзои гурӯҳи корӣ мебошанд, ширкат варзиданд.
Масъулин вобаста ба нишондодҳои асосие, ки зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат садо дод, андешаҳои худро баён намуданд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ