image

Баргузории мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ МИҲД ш.Душанбе бо сокинони ноҳия Сино

date_range23.01.2023, 14:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye232

Дар пойтахт Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе "Дар бораи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти МИҲД-и ш.Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022" ба имзо расидааст. Дар асоси нишондоди Қарори мазкур ҳоло дар шаҳр ташкили мулоқоти судманд идома дорад.

Ин навбат мулоқоти аъзои гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони ноҳияи Сино ташкил шуд. Ҷамъомад дар толори "Литсейи Президентӣ" бо сокинони шаҳраки 11, маҳаллаҳои Дустӣ, Мовароуннаҳр ва Ҳаёти нави ноҳия доир гардид.

Тоирӣ Саодат
"ТВ Душанбе"