image

Огоҳии КҲФ - фарзандонатонро аз хатарҳои эҳтимолии гузаштан аз оби рӯду кӯлҳо, ки қабати начандони ғафси яхӣ доранд, эҳтиёт намоед!

date_range24.01.2023, 10:45 chat_bubble_outline0 remove_red_eye312

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳравандони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар рӯзҳои сарди фасли зимистон ба фаъолияти кӯдакону наврасон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоранд ва аз рафтан ба кулу рудхонаҳо баҳри яхмолакбозӣ онҳоро боз доранд, зеро ин ҳолат ба ҳодисаҳои нохуш оварда мерасонад.

Фасли зимистонро бештари кӯдакон ба хотири бориши барф ва бозӣ бо он дӯст медоранд ва ҳангоми мушоҳидаи барф кӯдакон гуруҳ гуруҳ ба яхмолакбозӣ машғул мешаванд. Аммо риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми бозӣ бо барф метавонад, оқибатҳои нохушро ба бор орад. Тавре ки мутахассисони Агентии Обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ медиҳанд, боришоти зиёди барф дар қаламрави кишвар қатъ гардидааст, аммо масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медоранд, ки оқибатҳои барф ва ях метавонад, боис ба хатари ҷони сокинони мамлакат гардад.

Яке аз шуғлхои дӯстдоштатарини кӯдакону наврасон ин якхмолакбозӣ мебошад. Албатта ҳангоми дуруст рафтор намудан ин шуғл барои кӯдакону наврасон ба танумандии онҳо руҳияи нав мебахшад. Аммо дар ҳолати дағалона вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ мутаасифона ба марг оварда мерасонад. Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи раждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷумла мавзеъи канали калони Ҳисор ва рӯдхонаи Душанбе кӯдакону наврасон дар рузҳои истироҳатӣ ба яхмолакбозӣ машғул мешаванд, ки ин боис ба хатари саломатии онҳо хоҳад гардид.

Чунин вазъ-яъне ях наумдани об дар Кӯли ҷавонони шаҳри Душанбе низ мушоҳида мешавад ва тавре ки масъулин изҳор доштанд, қудакону наврасон ва дар баъзе ҳолатҳо ҷавонон аз як тарафи кул ба тарафи дигар ба болои ях гузар менамоянд, ки ин боис ба хатари саломатии онҳо мегардад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"