Ҳамоиши илмии маърифатӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии Хадамоти Гумрук дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи олии бисёрсоҳаи пешбар дар баробари омода намудани мутахассисон дар дигар соҳаҳои барои кишвар афзалиятнок, ҳамзамон кадрҳои ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнатро дар ришати гумрук ва ҳуқуқ низ омода месозад.
Барои омода намудани мутахассиони ин соҳа дар баробари дигар соҳаҳо дар факултети Гумрук ва ҳуқуқи иқтисодии муассисаи олии таълимӣ шароиту имконоти зарурӣ фароҳам мебошад.
Бахшида ба рӯзи таъсисёбии Мақомоти Гумрук, ки аз соли 1992 инҷониб ҳамасола дар кишвар охири моҳи январ ҳамчун рӯзи гумрукчиён ҷашн гирифта мешавад дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз Хадамоти Гумруки кишвар таҳти унвони «Нақши имтиёзҳои тарифи гумрукӣ дар амали намудани саноатикунонии босуръати ҶТ» ҳамоиш доир гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши навбатӣ масъулини донишгоҳ сухан карда зикр намуданд, ки имрӯз мақомоти гумрук ба як воситаи муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва инистути муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидадааст.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони Умумиҷахонии Савдо, Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ ва иштирокчии як қатор конвенсияхои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукумати, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ