image

Кандакорӣ дар рӯи чӯб - намунаи ҳунарҳои волои тоҷикон

date_range24.01.2023, 15:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye417

Имрӯз намунаи олии осори марбут ба ҳунармандӣ дар сатҳи олӣ дар толорҳои алоҳидаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон инъикос гардиданд, ки яке аз намунаи олии ин ҳунар, ҳунари кандакорӣ дар рӯи чуб мебошад, ки ҳамарӯза меҳмонону сайёҳони пойтахти мамлакат аз онҳо дидан намуда, бо осори пурғановати миллати тоҷик шинос мегарданд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ҳифз ва нигоҳдорӣ шуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Аз ҷумула дар толорҳои алоҳида намунаи осори марбут ба ҳунармандӣ дар сатҳи олӣ инъикос гардиданд, ки яке аз намунани олии ин ҳунар, ҳунари кандакорӣ дар рӯи чуб мебошад, ки ҳамарӯза меҳмонону сайёҳони пойтахти мамлакат аз онҳо дидан намуда, бо осори пурғановати миллати тоҷик шинос мегарданд.

Ин ҳунари қадима дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат низ рушд карда, имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат устоҳои моҳиру чирадаст нозукиҳои ин ҳунарро ба шогирдон меомӯзонанд. Дар осорхонаи миллии Тоҷикистон толори алоҳидаеро доир ба ҳунари кандакорӣ дар рӯи чуб дар даврони соҳибистиқлоӣ метавон дид, ки дар он намунаҳои олии ин ҳунар ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин толор бештар арзёбӣ мегардад.

Намунаи ҳунарҳои волои тоҷикон кандакорӣ ки аз замонҳои пеш то инҷониб маъмул аст дар ороиши хонаву иморатҳо ва ҷойҳои дигари фароғатӣ истифода бурда мешавад. Кандакорӣ, асосан, мансуб ба чӯбкорӣ буда, барои ороиш ва зебу зиннат додани сутунҳо, дарвоза, дару тирезаи мадрасаву маҷмааҳо, масҷидҳо ва хонаҳои истиқоматӣ истифода мешавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"