image

Таҷлили ҷашни Сада

date_range24.01.2023, 15:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye319

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба хусус бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои ниёгони мо эҳё гардида ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллӣ дар тамоми қаламрави мамлакат таҷлил мегардад.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҷашни Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёми табрикии худ ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ иброз доштанд: «Дар замони соҳибистиқлолӣ мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем». Дар воқеъ ҷашни сада ҷашнест, ки мардумро ба худшиносӣ, осоиш ва дӯст доштани табиат талқин менамояд ва баракату фаровониро дар кишвар таъмин менамояд.

Имрӯз тантанаи ҷашни Сада дар фазои қаламрави мамлакат танинандоз аст ва миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин оини аҷдодиро ба хушӣ истиқбол мегиранд.

Бояд гуфт, ки дар арафаи омодагӣ ба мавсими кишту кор фаро расидани иди Сада басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадан ва таҷлили расмии он далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш арҷ гузошта, барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани он гомҳои устувор мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷашни Сада ба намоиш гузоштани шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза воситаи таблиғи заҳмати деҳқонону боғдорон ва ҳунармандон арзёбӣ гардида дар ин радиф боиси ҷалби меҳмонону сайёҳон ба мамлакати биҳишосои мо мегардад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"