Дар ноҳияи Сино гурӯҳи корӣ бо сокинони шаҳракҳои 103, 104 ва маҳаллаи Ободкорон мулоқот анҷом доданд
Имрӯз дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки аъзои гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони шаҳракҳои 103, 104 ва маҳаллаи Ободкорони ноҳия мулоқот доир шуд.
Зимни вохурӣ масъулин вобаста ба мавзӯъҳои муҳим, ки зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат садо доданд, андешаҳои худро баён намуданд. Вобаста ба имкониятҳои нав дар тамоми соҳаҳо иштирокчиён изҳори назар намуда, бунёд ва мавриди истифода қарор додани муассисаҳои таълимии типи навро аз ҷумлаи имкониятҳои нав дар соҳаи маориф таъкид доштанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ