Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 600 нафар сабти ном гардидаанд
Омӯзиши таърих имкон медиҳад, ки насли наврас аз фарҳангу тамаддун, ҳастӣ ва мавҷудияти миллати тоҷик воқиф гарданд.
Бо мақсади ба таври васеъ, мукаммал мутолиа ва аз худ кардани китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки дар он марҳилаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик бо далелҳои муътамад иншо шудааст соли 2023 дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” баргузор карда мешавад. Ҳоло омодагиҳо барои баргузор намудани озмуни мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯз ҳар оилаи тоҷик китоби Тоҷикони Бобоҷон Ғафуровро дастрас кардаанд. Ин тадбири муҳим бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, китоби мазкур ба ҳар оилаи тоҷӣк ройгон тақдим карда шуд. Дар чунин шароит мутолиаи шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, имкон медиҳад, ки ҳар фарди худшинос таърих ва ҳастии миллати тоҷикро ба таври васеъ омӯхта оид ба давраҳои гуногуни давлатдориву давлатсозии гузаштаи миллати худ воқиф гардида, фардоро аз сабақи таърих бо андешаи миллӣ созанд.
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” тадбирҳои зарури амалӣ карда шудааст. Тавре масъулин мегуянд то имрӯз аз ҷониби аспирантон ва донишҷӯён беш аз 600 нафар барои иштирок кардан дар озмун сабти ном гардидаанд. Асари мондагори «Тоҷикон»и Бобоҷон Ғафуров дар шароити ниҳоят мураккби вазъи сиёсии замони асри 20 бо далели исботи ҳақиқати таърихӣ ҳастии миллати кӯҳантаммадун навишта шуда, аҳамияти калони маънавӣ дорад.
Дар воқеъ Китоби «Тоҷикон», ифшогари аслу вуҷуди миллати тоҷикро собит намуда, ин асар аҳамияти калони таърихию маънави дошта, насли имрӯзаро ба гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик ошно месозад ва дар қалби ҳар фарди худогоҳу худшинос ҳуввияти миллиро бедор месозад. Ин иқдоми неку маорифпарварона ва маърифатпарварона аз шоҳкориҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки барои насли наврас манбаи аслии омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷикро эҳдо месозад.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ