Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии МИҲД шаҳри Душанбе бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ
Гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарҳрезигардида вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлисии олии ҶТ масъулин мулоқоти навбатиии хешро бо сокинону истиқоматкунандагони шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ ва ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир намуданд.
Дар мулоқоти навбатие, ки бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Алачабофон, Дӯстӣ, Дарвоз ва Ҳосилоти ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими барномавӣ ва муайянкунада буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рӯшди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии ҶТ мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад.
Дар идома дигар иштирокдорон низ ба сухан баромада, оид ба тарғибу ташвиқи одоби шаҳрнишинӣ миёни сокинони пойтахт, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрнишинон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими муносибати некбинона ба меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷӣ сухан гуфтанд.
Дар рафти мулоқот ва суҳбат бо сокинон, масъулон ҳозиринро ба риояи талаботу муқаррароти шаҳрдорӣ дар соҳаҳои мухталиф, назорати фарзандон ва тарбияи онҳо дар руҳияи донишандӯзиву ватандӯстӣ даъват намуданд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ