Маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи таҳсилоти олии сарҳадӣ дар ҷумҳуриямон ба ҳисоб меравад, ки барои Қушунҳои сарҳадии кишвар кадрҳои афсарӣ тайёр менамояд.
Донишкадаи мазкур аз 2 факултет ва 9 кафедра иборат буда аз рӯи чор ихтисос мутахассисонро дар асоси талаботи Вазорати маориф ва илми ҶТ тайёр менамояд. Дар донишкада омӯзгорони баландихтисос ва соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд, ки ба афсарони Ватандӯсти мо дарс меомӯзанд. Имрӯз дар фазои идона 115 нафар афсарон ин мактаби ҷасорату мардонагиро хатм намуда соҳиби диплом гардиданд.
Супоридани диплом ба афсарони хатмнамуда дар як фазои идона баргузор гардид, ки ҷавонон нахуст савганд ёд намудаанд. Дар муддати чор соли таҳсил намуданашон дар донишкада на танҳо дарси шуҷоату мардонагиро омӯхтанд, балки аз донишҳои сиёсии гирифтаи худ истифода намуда минбаъд барои ҳифзу марзи кишварамон содиқона хизмат менамоянд. Дар баробари ҷавонписарон дар ин миён низ духтарони шуҷоъ низ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки имрӯз сарбаландона ин донишкадаи олиро хатм намуда соҳиби диплом гардиданд.
Дар ҷамъбасти маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагон барномаи фарҳангӣ-фароғатии ҳунармандони Театри «Оина» хотири иштирокдоронро шод намуд.
Моҳинав Хоҷаева
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ