image

Шарҳи нуқтаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

date_range26.01.2023, 13:55 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Бо мақсади расонидани бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.

Дар раванди ин ҳамоиши маърифатӣ меҳмонон аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада ширкат намуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки бо такя ба Паём дастовардҳои бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҷониби олимону донишмандон ба ширкатдорони ҳамоиш шарҳ дода шуд. Аз ҷумла иброз гардид, ки "ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14,7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид. Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард".

Дар идома дигар бандаҳои Паёми роҳбари давлат аз ҷониби меҳмонони ҳамоиш тавзеҳ дода шуд.

Ҷойи таъкид, ки дар донишкада ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Дизайн" фаъолият мекунад, ки тавассути он ва ҳамоҳангию ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  кормандони донишкада, ки аъзои ҲХДТ мебошанд, дар ҳаёти сиёсии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд. Дар раванди ҳамоиш фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии "Дизайн" ҳам натиҷагирӣ гардид.

Раҳими Карим
«ТВ Душанбе»