image

Ҷаласаи нахустини Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range26.01.2023, 14:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye283

Дар ҷаласаи нахустини Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 23 декабри соли 2022 аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷаласаи Шӯро намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатдори Раиси Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва собиқадорони Шӯро иштирок намуданд.

Зимни баромади иштирокчиён қайд карда шуд, ки дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд.

Дар идомаи кори ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аз рӯи нақша ва барномаи он масъалаҳои вобастаи фаъолияти кории Шӯро бо пешниҳоди маърузаҳо таҳлил ва натиҷагирӣ гардид.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"