image

МО БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ! Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон машварати илмӣ-амалӣ доир шуд

date_range26.01.2023, 15:49 chat_bubble_outline0 remove_red_eye229

Дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки масъулини Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва роҳбарияту устодони донишгоҳ машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Дарёфти роҳу усулҳои муосири муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.

Зимни суханронӣ намояндагон қайд намуданд, ки стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо назардошти он ки муҳлати амали Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар асоси Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020 ба итмом расид, ҷиҳаи идома додани амалисозии чорабиниҳо оиди муқовимат ба коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Бо мақсади андешидани чораҳои маҷмӯии ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мубориза бар зидди коррупсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардид.

Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати муҳими давлатӣ баҳри тақвияти мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ заминаи мустаҳкам гузошта, дар доираи он аксари масъалаҳо дар самти мубориза бо коррупсия бо дарназардошти тадқиқотҳои сотсиологӣ, таҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои дигар ва таҳлили омории вазъи коррупсия тайи давраи сипаригашта дар ҷумҳурӣ ҳалли худро ёфтанд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"