image

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023

date_range27.01.2023, 09:42 chat_bubble_outline0 remove_red_eye280

Дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботии Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҳисоботии Бонки миллии Тоҷикистон роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, кормандони бонки миллӣ ва дигар намояндагони сохторҳои марбута иштирок доштанд. Зимни ифтитоҳи ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд кард, ки дар натиҷаи фаъолияти босамари низоми бонкӣ дар соли 2022 устувор нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, фаъолияти босуботи низоми бонкӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ тақвият ёфта, рушди иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли ҳисоботӣ Маҷмӯи Маҳсулоти дохилии кишвар то 115,7 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он ба 8,0 фоиз баробар шуд. Ҳамзамон сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок қарор дошта, 4,2 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,8 банди фоизӣ кам мебошад.

Иброз гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои иқтисодии кишвар тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.

Зимни суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло қайд гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикору дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳкими низоми бонкии кишвар чораҳои назаррас андешида шуда, татбиқи тадбирҳои дахлдори марбут ба соҳа идома доранд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"