Баргузории ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Паём-роҳнамову роҳкушои Тоҷикистон»
Дар толори Шӯрои олимони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо иштироки устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва устодони Донишоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Паём-роҳнамову роҳкушои Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ доир гардид.
Дар мулоқоти навбатии устодону донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе, ки оид ба натиҷагирии нуқтаҳои муҳими Паёми Пешвои муаззами миллат доир гардида буд, роҳбарияти коллеҷи мазкур сухан карда, зикр намуданд, ки дар Паёми имсолаи Президенти кишвар кулли дастовардҳои ҷумҳурӣ дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ ба таври амик таҳлилу баррасӣ гардида, вазифаҳои муҳимтарин ва минъбадаи Тоҷикистон таҳлил ва муайян карда шудаанд. Ин чунин дар Паём Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хусусан ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии тамоми гурӯҳҳои ниёзманди аҳоли диққати хамаҷониба дода шудааст.
Гуфта шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кард. Дар давраи зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Иштирокдорон дар идома доир ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатӣ, аз ҷумла боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат, соҳаи маориф, зан ва ҷомеа, аз ҷумла дастовардҳои даврони истиқлол, ҳифзи оромӣ ва осудагии давлат ва дигар паҳлӯҳои Паём сухан гуфтанд.
Дар фарҷом ба як қатор меҳмонон баҳри ҳамкориҳои судманд бо устододу донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат ифтихорнома тақдимкарда шуда, ҳамзамон бо ташаббуси Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ, бо иштироки масъулини филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия, аксия таҳти унвони “Пешвои миллат - ифтихори мо ҷавонон” баргузор карда шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ