Мулоқоти кормандони ВКД ҷиҳати пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб
Бо мақсади шарҳу тавзеҳи бандҳои махсуси Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии содиркунии амалу кирдорҳои номатлуб аз ҷониби ҷавонону ноболиғон ва баррасии роҳҳои ба илму дониш раҳнамун сохтани ин қишри ояндасози ҷомеа дар бинои МТМУ №90 ноҳияи Сино бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, расиони кумитаи маҳалл ва фаъолони ҷомеа мулоқоти судманд доир гардид.
Дар вохӯрии навбатӣ, ки дар толори МТМУ №90 ноҳияи Сино бо иштироки директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино, раисони кумитаи маҳалл ва фаъолони ҷомеа доир гардид, сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ҷавонон ва ноболиғони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Сино ва сардорони Шӯъбаҳои ВКД 1 ва 2 дар ноҳияи Сино, ҳамзамон намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии хеш хозирин таъкид намуданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба масъалаи тарбияи Ватандӯстӣ ва ба илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани ҷавонон таъкидҳои махсус намуда, масъулини сохторҳои давлатиро муваззаф сохтаанд, то барои илмомӯзии наврасон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Дар қисмати дигари мулоқоти мазкур миёни ширкаткунандагону маърӯзачиён саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои муфид сурат гирифт.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ