image

Гӯштини тоҷикӣ мақоми байналмилалӣ гирифт

date_range27.01.2023, 11:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye330

Тавре қаблан АМИТ "Ховар" хабар дода буд, гӯштини миллии тоҷикӣ (гӯштингирӣ) мақоми байналмилалӣ касб намуд. Ин дараҷаи байналмилалӣ дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гӯштини миллии тоҷикӣ соҳиби сертификати байналмилалӣ гардид.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди гуштини миллӣ давоми се соли сипаришуда ҷадвали баргузории чорабиниҳои варзишӣ байни аҳолии кишвар аз рӯи усули деҳа ба деҳа ва маҳалла ба маҳалла таҳия ва татбиқ карда шуд.

«Агар давоми соли 2020 485 мусобиқаи варзишӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир шуда бошад, соли 2021 он ба 2159 адад ва соли 2022 қариб ба 4000 чорабинӣ расонида шуд», — гуфт зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.

Ба иттилои ӯ, дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудҳои бозиҳои миллии варзишӣ, бахусус гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» аз нав эҳё шуд ва мунтазам рушд меёбанд.

Чунончӣ, Пешвои муаззами миллат соли 2015 зимни таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба хотири ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон ва сокинони кишвар ба бозиҳои миллии варзишӣ ва муаррифӣ намудани намудҳои миллии варзиш дар арсаи байналмилалӣ, бахусус гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Ҳамзамон дар ин раванд бо таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва талошҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тайи чанд соли охир мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалии варзишӣ низ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҷоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар шаҳри Душанбе баргузор карда шуданд. Таваҷҷуҳ ва иштироки бештари варзишгарони хориҷӣ дар ин чорабиниҳо гувоҳи возеҳи он буд, ки гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) тавонист қаламрави худро васеъ намояд ва мақоми байналмилалиро соҳиб шавад.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, яке аз муҳимтарин воситаи устуворгардонии пояҳои давлатдории миллӣ- ин эҳё ва рушди эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бозиҳои миллии варзишӣ мебошад. Зеро намудҳои миллии варзишӣ ҳамчун нишонаи соҳибфарҳангӣ барои миллати тоҷик рамзи матонат, ҷасурӣ, тавоноӣ ва далериву шуҷоат мебошанд, ки ба таблиғи арзишҳои волои миллӣ ва таъмини солимии ҷомеа равона карда шудаанд.

Ин аст, ки инак дар саҳифаи варзиши мамлакат боз як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди варзишӣ ба вуқӯъ пайваст. Гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» мақоми байналмилалӣ гирифт. Дар ин хусус санади дахлдор аз ҷониби Раёсати адлия ва корҳои дохилии кишвари Шветсария 17 июни соли 2022 ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Зимнан ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушду густариши минбаъдаи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» давоми соли 2023 аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Федератсияи гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла Чемпионати ҷаҳон ва Чемпионати Осиё оид ба гӯштини миллӣ (Гӯштингирӣ) бо иштироки варзишгарон аз хориҷи кишвар дар назар дошта шудааст. Ин метавонад дар рушди ҳамагонии ин намуди варзиш мусоидати фаъолтар намояд.

Гӯштини миллии тоҷикон дорои таърихи чандинасра мебошад

Гӯштини миллии тоҷикӣ яке аз варзишҳои маъмул дар миёни мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Гӯштингирӣ ё худ гӯштин аз калимаи тоҷикии «куштӣ» гирифта шудааст, ки маънои камарбандро дорад. Дар замони Зардушт ҳам камарбанди зардуштиёнро куштӣ меномиданд. Решаи пайдоиши ин калима аз куштигирӣ ё камарбандгирӣ (аз миёни якдигар гирифта, қувваозмоӣ кардан) бармеояд.


Паҳлавон ё худ шахсе, ки дар маъракаҳои гӯштингирӣ баромада, маҳорати худро ба дигарон пешниҳод мекард, аз азал миёни мардуми тоҷик маҳбубияти хоссаро доро буд. Дар замонҳои пеш ҷашни Наврӯз аз оғози баҳор то даромадани фасли тобистон, аниқтараш давоми се моҳ паҳлавононро бо ҳам ҷамъ меовард. Наврӯзро мардуми тоҷик деҳа ба деҳа дар алоҳидагӣ ҷашн мегирифтанд ва паҳлавонон ба майдон баромада, ҳар яке деҳи худро муаррифӣ мекард. Аслан паҳлавонон дар болои сабзаи наврӯида бо пойҳои луч ва чакманҳо баромада, қувва месанҷиданд. Мардум маҳорати паҳлавононро дида, дар васфи онҳо то Наврӯзи оянда шеъру таронаҳо эҷод мекард, ки ин аз варзишдӯст будани мардуми тоҷик дарак медиҳад.

Тавре Директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии  методӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз медорад, гӯштини миллии тоҷикӣ сароғози ҳама намудҳои гӯштин буда, варзиши суннатии миллати тоҷик аст.

«Дар замони Шӯравӣ ин намуди гӯштин чандон тарғиб намешуд, вале дар байни  мардум маҳбубияти худро гум накард. Мардум бо хоҳиши худашон дар маъракаву ҷашнҳо ва махсусан ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ барпо мекарданд. Бо шарофати Истиқлолият солҳои охир мо тавонистем, ки гӯштини миллиро дубора дар шаклу усули наву муосир эҳё намоем», — иброз дошт ӯ.

Ба андешаи ӯ, дар замонҳои пеш паҳлавонон бо чакман болои сабзаи баҳорӣ қувва меозмуданд. Вазни чакмане, ки варзишгарон ба бар мекарданд, вазнин буд ва давоми сабқат ба паҳлавонон халал мерасонид. Барои паҳлавонон вақти муайян ҷудо нашуда буд. Варзишгарон то аз пой афтодан муҳориба мекарданд, ки аксари муҳорибаҳо мусовӣ анҷом меёфт ва ин барои тамошобин дилгиркунанда буд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсияи гӯштини миллӣ ва соҳибкорони ватанӣ солҳои охир барои рушди ин намуди варзиш якчанд иқдомро ба роҳ монданд. Барои паҳлавонон вақти муайяни сабқат ҷудо шуд. Ҳамчунин давоми рақобат ба усулҳои анҷомдодаи паҳлавонон аз ҷониби довар баҳо гузошта мешавад. Шумораи мусобиқаҳо низ дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ зиёд карда шуд.

Бояд гуфт, ки мутахассисони соҳа дар кишвар бар он ақидаанд, ки сарчашмаи аксар намудҳои гӯштин гӯштини миллии тоҷикӣ аст ва беҳтарин усули он дар дигар гӯштинҳо истифода мешавад. Аз ҷумла, дар дзюдо, самбо, кураш ва камарбандӣ. Асосгузорони ин намудҳои гӯштин аз усули гӯштини тоҷикӣ истифода бурда, гӯштинҳои худро дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ ва олимпӣ муаррифӣ намуданд. Миёни онҳо аз ҳама наздик гӯштини кураш аст, ки хоси мардуми узбек буда, ба гӯштини тоҷикӣ пайванди зич дорад. Солҳои охир дар баробари гӯштини миллӣ дар арафаи Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд гӯштини камарбандӣ ҳам доир карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ба паҳлавонони гӯштини тоҷикӣ мутахассисони соҳаи варзиши ҷаҳон таваҷҷуҳи махсус доштанд. Аз ҷумла, сармураббии тими яккачини Иттиҳоди Шӯравӣ Владлен Михайлович Андреев паҳлавонони тоҷикро «дзюдочиёни тайёр» номидааст. Дар маҷаллаи «Физкультура и спорт» мақолае зери унвони «Гӯштингирӣ бародари самбо» аз чоп баромада буд, ки дар он ба усулҳои истифодабурдаи паҳлавонони тоҷик бо баҳои баланд дода буданд. Мутахассиси варзиш Евгений Чумаков паҳлавонони гӯштини тоҷикиро самбочиёну ҷудокорони тайёр унвон карда, ин намуди гӯштинро василаи хуби омода намудани паҳлавонон дар дигар намудҳои гӯштин арзёбӣ намуда буд.

Мояи ифтихор аст, ки таваҷҷуҳи мутахассисони хориҷӣ  ба паҳлавонони мо зиёд аст, зеро паҳлавонони мо аз овони хурдӣ ба омӯзиши гӯштини суннатии гузаштагонамон машғул мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»