image

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат дар «Саноатсодиротбонк»

date_range28.01.2023, 13:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъёри конститутсионӣ заминаи қонунӣ дорад ва аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ гирифтааст ва дар он тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми роҳбари давлат дар Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» низ бо иштироки роҳбарият ва кормандони он, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Муовини раиси КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе ва раиси ҲХДТ дар н.Сино чорабинӣ баргузор шуд.

Зимни баромади маърузачиён зикр шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси олии мамлакат дурнамои сиёсати фарогири тамоми самтҳо буда, дар замина он рушди ҳама бахшҳо давоми сол таъмин карда мешавад. Зеро ҳамасола роҳбари давлат фаъолияти тамоми соҳаро таҳилу баррасӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас мегузоранд, ки иҷрои он барои пешрафти кор мусоидат менамояд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"