Рӯнамоии китоби профессор Аҳмад Абдуллоев дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китобномаи профессор Аҳмад Абдуллоев доир карда шуд. Ҳамоиш бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масълаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, зумрае аз донишмандон, шогирдон, ҳамкорон, пайвандон ва намояндагони расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ баргузор шуд.
Зимни рӯнамоӣ тазаккур дода шуд, ки мураттибони китобнома Ҷурабой Раҷабов ва Гадобек Маҳмудов буда, он зери назари доктори илмҳои педагогика Ҷумахон Файзализода ба нашр расидааст. Муҳаррири китобнома доктори илмҳои филологӣ Масрур Абдуллозода мебошад.
Дар чорабинӣ аз рӯзгору эҷод ва дастовардҳои илмии профессор Аҳмад Абдуллоев ба ҳозирин маълумот дода шуда, иброз гардид, ки ӯ умри бобаракати худро сарфи таҳқиқи осору ашъори шоироне чун Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Ғазоирӣ, Абулфараҷи Рунӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Заҳири Форёбӣ ва адабиёти тоҷики асрҳои XI-XII намуда, масъалаҳои ҷараёни адабии ин қарнҳо, жанру услуби лирикӣ, майлу равияҳои адабӣ, хусусиятҳои халқӣ ва амсоли онро таҳқиқ кардааст.
Бояд гуфт, ки дар китоб андешаҳои адабиётшиносон дар бораи профессор ҷамъоварӣ шуда, он таълифоти ӯро дар се қисм - «Асарҳои Аҳмад Абдуллоев», «Адабиёт дар бораи Аҳмад Абдуллоев» ва «Кумафеҳристҳо» дар бар мегирад. Таҳияи чунин асарҳо барои муаррифии кору осори пажӯҳишагрони тоҷик замина мегузоранд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ