Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
Дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи Миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ба муносибати қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ» дар мавзӯи «Нақши Осорхонаи миллӣ дар тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баргузор гардид.
Осорхона бешак муаррифгари таърихи ҳар як халқу миллат аст ва он маконест, ки барои ҳар як сокини кишвар аз мавҷудияти деринаи миллат дарак медиҳад, саҳифаҳои корномаҳои халқу миллатро боз мекунад ва дар худшиносии миллӣ, баланд шудани сатҳи маърифату дониши инсонҳо таъсири муассир мегузорад. Осорхонаҳо дар замони муосир имконияти бештареро дар таҷассуми таърихи диёр доро ҳастанду маълумотҳои таърихиву илмиро бо асноди воқеӣ чун ангораву бозёфтҳои археологӣ ва маводҳои мондагор барои имрӯзиён манзур месозанд.
Зикр бояд кард, ки дар оинаи таърихи осорхона нигораву гузоштаҳо чун баёнгари воқеаву рӯйдодҳои чандинҳазорсолаи гузаштагони бонангу номуси мо инъикос ёфтааст, ки ҳар яке дарси ибрати бузург барои имрӯзиёну фардоиён аст.
Дар конференсия, ки бо иштироки доираи васеъи коршиносон, олимону муаррихон мавзуҳои «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ дар ҶТ», «Нақши экскурсия дар тарбияи ватандӯстӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон», «Таҳкими маорифи миллӣ-василаи тарбияи ватандӯстӣ», «Тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва моҳияти он», «Инъикоси афкори ватандӯстӣ дар эҷодиёти мутафаккирони тоҷик», «Нақши сомонаҳои иҷтимоӣ дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон» баромад намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ