Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳри Душанбе бо кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи пойтахт
30-юми январи соли равон бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба баргузории мулоқоти судманд оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор шуд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе дар суханронии худ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин нуқтаҳоро баён намуда, ҳамзамон фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқро дар пойтахт мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи кормандони ин соҳа бо ташаббуси Сарвари давлат аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ