image

Таҷлили ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range31.01.2023, 10:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye272

Сада ба монанди Наврӯз ва Меҳргон ҷашни миллӣ буда, ба ҳеҷ қавму дин иртибот надорад. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд.

Аз ин ҷашни бостонӣ омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ба таври шоиста истиқбол гирифтанд. Дар саҳни ин муассисаи таълимӣ намояндагони факултетҳои Донишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзи ва хурокҳои миллӣ аз ҷумла нонҳои гуногуни тоҷикӣ ба намош гузошта шуданд, ки ҳайати ҳакамон аз намоиш дидан карда, ба донишҷӯён баҳои баланд доданд. Аз омодагии донишҷуён маълум гардид, ки ба ин ҷашни аҷдоди бештар таваҷҷуҳ доранд ва арҷ мегузоранд.

Зимни ҷамъомад масъулини Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сухан карда, Садаро куҳантарин ҷашни мардуми ориёитабор ва ё куҳантарин ҷашни ҷаҳонӣ унвон карданд.

Гуфта шуд, ки дар бораи пайдоиши ин ҷашн ривоятҳо гуногунанд. Яке аз манбаъҳои дигаре, ки дар ин бора иттилоъ додааст, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём аст. Дар ин манбаъ пайдоиши ҷашни Садаро ба рӯзи ғолибияти Фаридун бар Заҳҳоки ситамгар мансубият додаанд. Таъкид рафт, ки расму ойинҳои Сада одамонро пеш аз ҳама ба амалҳои хубу писандида, мисли рафтору гуфтори нек, эҳтироми ҳамдигар, анҷоми амалҳои хайру сахо, дӯст доштани табиат ва амсоли ин ҳидоят мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки дар замони соҳибистиқлоли иди Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид. Боиси ифтихори ҳар яки мост, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки роҳбарият ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пайваста чунин чорабиниҳоро дар Донишгоҳ ба роҳ мемонад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"