image

Мулоқоти навбатии гурӯҳи кории МИҲД шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ

date_range31.01.2023, 15:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye237

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинон мулоқоти навбатии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Фирдавсӣ бо истиқоматкунандаи маҳаллаҳо Гулбутта, Қаҳрамон, Чимтеппа ва Гулпарвар баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ намояндагони сохторҳои шаҳрӣ, ки шомили гурӯҳи корӣ буданд, дар робита ба бандаҳои Паёми роҳбари давлат андешаронӣ намуданд. Бо такя ба маълумоти дар Паём ироашуда зикр рафт, ки "дар панҷ соли охир ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талаботи рушди иқтисодиёт ҷавобгӯй нест. То соли 2025 дар кишвар татбиқи беш аз 200 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ пешбинӣ гардида, танҳо ба бахши воқеӣ ва инфрасохтор зиёда аз 82 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад".

Дар робита ба дигар масъалаҳои дар Паёми навбатии сарвари давлат зикргардида низ аъзои гурӯҳи корӣ баромад намуданд.

Риҳими Карим
"ТВ Душанбе"