image

Гурӯҳи кории МИҲД-и шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои Сабзазор, Варзоб-ГЭС ва Деҳнаваки болои ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқот анҷом доданд

date_range31.01.2023, 15:39 chat_bubble_outline0 remove_red_eye192

Дар доираи нақшаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 ин навбат бо иштироки гурӯҳи корӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Сабзазор, Варзоб-ГЭС ва Деҳнаваки болои ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони шуъбаи ободонии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, Маркази худшиносии бонувони дар шаҳри Душанбе ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки илм ва мориф дар саргаҳи сиёсати давлатӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки Сарвари давлат зимни Паёми навбатии худ ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа додани мақомоти давлатиро тақозо намуда, таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, пайвастани илм бо истеҳсолотро ба унвони роҳи асосии раҳоӣ аз бунбастҳои имрӯзӣ муаррифӣ намуданд.

Дар ҷараёни чунин вохӯриҳо бо сокинон риояи дурусти фарҳанги шаҳрнишинву шаҳрдорӣ, дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои бандҳои амалкунандаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ" фаҳмонида мешавад.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"