Шарҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба сокинони маҳаллаи Ҷуйбодоми ноҳияи Сино
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мулоқоти намояндагони гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинон маҳаллаҳо Ҷуйбодом 1, Ҷуйбодом 2 ва шаҳраки 32 баргузор шуд.
Аъзои гурӯҳи корӣ доир ба дастовардҳои солҳои охири кишвар андешаҳои худро баён намуда, онро бо маълумотҳои дар Паёми сарвари давлат зикршуда асоснок намуданд. Аз ҷумла дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва пардохтҳои ғайринақдӣ таъкидҳои судманд ба миён гузошта шуд. "Бо мақсади мусоидат ба рушди бахши молиявӣ зарур аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 пардохти ҳамаи андозҳо ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Вазорати молия ва Бонки миллӣ ҷиҳати таъсис додани махзани ягонаи маълумот доир ба суратҳисоби ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, тавсеаи инфрасохтори пардохти ғайринақдӣ ва ташкили равзанаи ягонаи пардохти тамоми хизматрасониҳои давлатӣ бояд тадбирҳои зарурии фаврӣ ва қатъӣ андешида шаванд" омадааст дар Паёми навбатии роҳбари давлат.
Дигар самтҳои иҷтмоиву иқтисодии кишвари мо зимни мулоқот ба сокинон шарҳ дода шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ