image

Соли 2022 барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бобарор арзёбӣ гардид

date_range01.02.2023, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

Ба иттилои роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз шумораи умумии донишҷӯёне, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ҳамасола хатм мекунанд, 75 фоизашон бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Ба таъкиди Қобилҷон Хушвахтзода - ректори ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат омори бо ҷойи кор таъимн гардидани хатмкунадагон хушҳолкундада буда, далели рақобатпазир будани ихтисосҳои Донишгоҳ ба бозори меҳнат мебошад.

Айни замон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 22 ҳазору 787 нафар таҳсил дошта, барои онҳо беҳтарин шароит ҷиҳати азхудкунии донишу касбҳои гуногун муҳайё карда шудааст. Дар соли гузашта ба донишгоҳ 52 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар асоси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабул шудааст, ки 21 нафарашон духтарон мебошанд.

Соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, дар миёни 34 доншгоҳи кишвар сазоври ҷои якум гардидаст. Ба андешаи роҳбарияти Донишгоҳ ин дастоварди хуби сол буда, масъулияти кормандони ин муассисаи таҳсилоти олиро барои боз ҳам беҳатар кардани сифтаи таҳсилот ва омода кардани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯ ба бозори меҳнат бештар месозад. Дар идома ифтитоҳи Маркази илмӣ - таҳқиқотии Пешвои миллат аз муҳимтарин дастовардҳо дар соли 2022 барои ДМТ арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, дар Маркази илмӣ - таҳқиқотии Пешвои миллат зиёда аз 600 асари донишмандону муҳаққиқон ва олимони ватаниву хориҷӣ ва осори илмиву таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавҷуд буда, дар он барои корҳои илмиву таҳқиқотӣ шароити хуб фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин масъулон дар ин сол ифтитоҳи бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва таъмин шудани 39 омӯзгор ва корманди ҷавони муассисаро бо манзили истиқоматӣ аз муваффақиятҳои муҳим маънидод намуданд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"