Мулоқоти навбатии намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе бо кормандони сохаи маорифи пойтахт
Дар доираи баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд вобаста ба шаҳру тавзеҳи Паёми Перезиденти кишвар ба Маҷлисии олии ҶТ, ин навбат масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии хешро бо кормандони сохаи маорифи пойтахт доир намуданд. Дар мулоқот бандҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба таври мукаммал шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Дар мулоқот бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, Роҳбарият ва кормандони Сарраёсати маориф, масъулини соҳаи маорифи чаҳор ноҳияи пойтахт, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ва муасисаҳои томакатабӣ иштирок доштанд. Баҳри шарҳу тавзеҳи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳозирин баромад намуда, иброз доштанд, ки чун таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ҳамасола аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёми солона доир ба таҳлилу баррасии дастовардҳои рушди кишвар, ва муайян кардани вазифаҳои нав ва дурнамои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба Маҷлиси олии кишвар ироа мегардад.
Иштирокчиёни мулоқот иброз доштанд, ки чун солҳои қаблӣ дар паёми Пешвои миллат соҳаи маориф мавриди таваҷҷӯҳи махсус қарор гирифта, дар самти боз ҳам беҳтару хубтар намудани нишондодҳои соҳа дар соли нав як қатор дастуру пешниҳодҳои судманд дода шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин гуфта шуд, ки паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз бахшҳои гуногуни барои рушди устувори соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти мамлакат иборат буда, мазмуну муҳтавои он ҳамчун барномаи мукаммали кории ҳар як соҳа ба шумор меравад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ