image

Вохӯрии намояндагони МИҲД-и шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои н. Шоҳмансур

date_range01.02.2023, 11:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Дар доираи ташкили мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти МИҲД шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти паёми Президенти кишвар ин навбат мулоқоти масъулин бо сокинони маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи н. Шоҳмансур сурат гирифт.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Сиҷоуддин Саломзода ва намояндагони сохторҳои шаҳрӣ, ки шомили гурӯҳи корӣ буданд, иштирок доштанд. Дар паёми навбатии худ Президенти мамлакат аз вазъи имрӯзаи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки ба танқисии шадиди озуқаворӣ дучор гардидани чоряки кишварҳои дунё моро водор месозанд, ки ҷиҳати таъмин намудани ҳадафи стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

Бояд гуфт, ки тайи ду сол аст, ки Сарвари давлат ба кишоварзон дастур медиҳанд, ки «аз як замин аз 1-2 то 3-4 ҳосил рӯёнидан мумкин аст». Кишоварзони мамлакат ин дастурро амалӣ намуда, солҳои охир бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои берунӣ, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилиро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуданд. Аз ҷумла, соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шуд. Дар натиҷа тайи панҷ соли охир суръати рушди солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ дошта шуда, 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"