image

Фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино зимни нишасти матбуоти мавриди баррасӣ қарор дода шуд

date_range01.02.2023, 12:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye364

Зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ректори ин донишгоҳ Маҳмадшо Қурбоналӣ таъкид намуд, ки дар Донишгоҳ 5 факултет: тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ, фармасевтӣ ва 60 кафедра фаъолият мекунад. Аз шумораи умумии кафедраҳо 36 кафедра клиникӣ буда, дар пойгоҳҳои 27 массисаҳои тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

Дар соли 2022 дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 12189 нафарро ташкил медиҳад ва бо иловаи 1208 нафар муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ, теъдоди умумии таҳсилкунандагони Донишгоҳ 13397 нафарро ташкил мекунад. Дар Донишгоҳ 1949 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 24 давлати дунё таҳсил мекунанд, ки дар сатҳи тодипломӣ 1932 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз 22 давлати дунё ва дар сатҳи баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ 17 нафар муҳассилини хориҷӣ мебошанд. Дар Донишгоҳ таҳсил бо се забон-давлатӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат соли 2019 Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмиллалии институтсионалӣ (донишгоҳӣ) ва 3 Барномаи таълимии он аз ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Стоматология», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа» дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт ва дар соли 2022 боқимонда се Барномаи таълимии ихтисосҳои «Педиатрия», «Фарматсия» ва ихтисоси «Кори табобатӣ» барои донишҷӯёни хориҷӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз тарафи мақоми марбутаи байналмилалӣ ба Донишгоҳ сертификатҳои мутобиқат дода шуд.

Ҳамин тариқ донишгоҳ ва Барномаҳои таълимии ихтисосҳои Донишгоҳ пурра (100%) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ гардонида шудаанд ва дорои Сертификати мутобиқат мебошанд.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"