image

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва маҷлиси ҷамъбастӣ дар Ташкилоти ибтидоии "Дирексияи сохтмонӣ"

date_range01.02.2023, 14:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

31-уми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дирексияи сохтмонӣ” -и Дирексияи сохтмони иншооти Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Наимов Маҳмадулло - коршиноси масоили сиёсӣ ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Дирексияи сохтмонӣ” маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии мазкур дар соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда баргузор гардид.

Нахуст муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2022 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсӣ ва маъракаи сиёсии обуна-2022 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” иштироки фаъол доштанд.

Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур роҷеъ ба фаъолияти ташкилот дар татбиқи Барномаи ҲХДТ, баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, тарғиби идеологияи миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва дастгирии содиқонаву самимии сиёсати бомароми Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз ҳар вақти дигар дастгирию ҳамовозии мардум аз сиёсати Президенти кишвар суханронӣ намуданд.

Зимни суханронии хеш баромадкунандагон бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар интиҳо як гуруҳ ҷавононе, ки иродаи сиёсии худро муайян карда, ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуд ва фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардиданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"