Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ таҳти унвони "Пайравони Пешвои миллатем" доир гардид
Бо ҷалби хонандагони фаъол ва гирандагони стипендияҳо дар шаҳри Душанбе мунтазам тадбирҳои маърифатӣ ташкил гардида, он барои рушду пешрафти бахшҳои ҷомеа бо иштирок дар ҳамоишҳои сиёсиву фарҳангӣ саҳм мегузоранд.
Бо иштироки раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, намояндагони сохтору мақомоти марбутаи шаҳриву ноҳиявӣ ва гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни баромади худ роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъкид дошт, ки бо мақсади ҳавасмандкунии хонандагони болаёқат ва ба ин васила ҷалби наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ ва беруназсинфӣ дар ҷумҳурӣ як қатор стипендияҳо амал мекунад, ки Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи онҳо ба ҳисоб меравад. Зикр шуд, ки имсол теъдоди стипендия аз 400 адад ба 3000 адад расонида шуда, маблағи он низ боло бурда шуд.
Ҳамзамон дар баромади худ муовини раиси шаҳри Душанбе низ аз дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии мамлакат нисбати ҷавонон ёдовар шуда, афзуд, ки ҳоло аз шаҳри Душанде 320 нафар аз Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор гардидаанд.
Дар идома гуфта шуд, дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шароити зарурӣ ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон фароҳам оварда шудааст, ки намунаи он, баргузор гардидани чанд озмуни сатҳи шаҳри ва таъсиси стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯён ва Ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ” мебошад.
Дар ҳамоиш ҳамзамон гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба насли ҷавони кишвар миннатдории худро ба роҳбарияти олии мамлакат баён доштанд. Дар идомаи ҳамоиш ба гирандагони стипендия шаҳодатнома ва маблағи он дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби масъулин супорида шуд.
Ҷойи таъкид аст, ки пешниҳоди стипендияҳои гуногун барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасмандкунии онҳо заминаи мусоид мегузорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе сафи хонандагони болаёқат зиёд гардида, иштироки онҳо низ дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию минтақавӣ ва байналмилалӣ афзуда истодааст.
Барномаи рангини фарҳангӣ идомабахши ин чорабинӣ гардид, ки он васфи ватан ва пойтахти он шаҳри Душанбе, инчунин ободкориву созандагиҳои он буд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ