Маҷлиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур дар соли 2022 ва вазифагузориҳо барои соли 2023 дар асоси талаботи боби 4, банди 13 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва ҳамзамон, аъзои Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Маҷлиси ҷамъбастии Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи рӯзномаи Маҷлис баррасии 3 масъала ба миён гузошта шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Маҷлис ҳисоботи Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” шунида шуд.
Дар музокира баромадкунандагон фаъолияти Шӯрои собиқадоронро қаноатбахш арзёбӣ намуда, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Маҷлис ҳайати нави Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои соли 2023 тасдиқ гардид.
Ҳамин тариқ аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи Маҷлис нақшаи кории ҳайати нави Шӯро барои соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ