image

Вохӯрии масъулини МИҲД ноҳияи Шоҳмансур бо устодону донишҷӯёни ДДСТДТ

date_range02.02.2023, 11:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye267

Баҳри пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони «Шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хатари он ба амният ва давлатдории миллии тоҷикон» вохӯрии судманро бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир намуданд.

Дар вохӯрии масъулину кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, ки бо устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир карда шуд, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ёрдамчии прокурори ноҳияи Шоҳмансур ва дигар нафарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни баромади хеш ҳозирин қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсола ва вохӯрию мулоқотҳои худ бо аҳли ҷомеа ҷавононро нерӯи бузурги бунёдгару ободкунандаи Ватан дониста, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ мекунанд.

Аз маълумотҳои оморӣ чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки шумораи умумии наврасону ҷавонон яъне шаҳрвандони то 30-солаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад, ки он 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа фаъол бошанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз кунанд, амнияти давлат, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда худро аз ҳама хафу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд.

Дар идома иштирокдорон вобаста ба паҳлуҳои дигари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои маърӯза карданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"