Thursday, 12 November 2026
Sport

Давлатманд Исломов комиссари бозӣ миёни дастаҳои “Пахтакор” ва “Ал-Наср” таъйин шуд

This page is currently available in Tajik only.

Давлатманд Исломов комиссари бозӣ миёни дастаҳои “Пахтакор” ва “Ал-Наср” таъйин шуд

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2026/27 таъйин гардид.

Давлатманд Исломов дар бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии мусобиқа миёни дастаҳои «Пахтакор»-и Ӯзбекистон ва «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ фаъолият мекунад. Дар ин вохӯрӣ довари эҳтиётӣ довари ФИФА аз Тоҷикистон Сайёдҷон Зайниддинов таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрӣ имрӯз, 2-юми ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд баргузор мешавад.

Source: Varzish TV · varzishtv.tj