Чоршанбе, 25 ноябр 2026
Хабарҳо

Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад

Вазъи иқлими сайёра соли 2026 аз меъёр берун меравад

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши нави Созмони ҷаҳонии метеорологӣ, соли 2026 давраи тӯлонии ҳарорати ниҳоят баланди ҷаҳонӣ, обшавии яхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр идома дорад ва интизор меравад, ки ҳодисаи хеле шадиди Эл-Нинйо боиси боз ҳам афзоиш ёфтани гармӣ ва ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво, аз ҷумла дар соли 2027 гардад. Дар гузориш хатарҳои пайдарпай (каскадӣ)-и марбут ба ин раванд барои муҳити зист, иқтисодиёт ва ҳаёти рӯзмарра таъкид шудаанд.

Паёмҳои калидӣ:

— Соли 2026 яке аз чаҳор соли гармтарин дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо хоҳад шуд.

— Ҳодисаи Эл-Нинйо гармиро шадидтар карда, хатарҳоро чандин маротиба меафзояд.

— Сатҳи баҳр ва захираи гармии уқёнус ба нишондиҳандаҳои рекордии баланд расидаанд.

— Ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво боиси талафоти бузурги иқтисодӣ ва инсонӣ мегарданд.

— Пешгӯиҳо ва огоҳиҳое, ки ба мушоҳидаҳои муттасил асос ёфтаанд, аҳамияти ҳаётан муҳим доранд.

Аномалияи ҳарорати миёнаи рӯйизаминии ҷаҳонӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли 2026 (баландтар аз нишондиҳандаи миёнаи солҳои 1850–1900 ба андозаи 1,47 °C ± 0,13 °C) бо нишондиҳандаҳои миёнаи солонаи соли 2025 (1,43 °C) ва соли 2023 (1,46 °C) муқоисашаванда буда, аз нишондиҳандаи рекордии соли 2024 (1,55 °C) пасттар аст. Ин арзёбӣ ба нуҳ маҷмуи додаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ асос ёфтааст. Чор соли охир- аз соли 2023 то соли 2026 гармтарин солҳо дар тамоми таърихи мушоҳидаҳо гардиданд.

Пиряхҳо соли 2025 беш аз 400 гигатонна яхро аз даст доданд, ки ин ба баландшавии сатҳи баҳр тақрибан ба андозаи 1 мм баробар аст. Ин ҳаҷми обшавии солона барои он кифоя мебуд, ки ҳар сония давоми тамоми сол панҷ ҳавзи олимпӣ пур карда шавад. Соли 2025 обшавии яхҳо дар ҳамаи 19 минтақаи яхбандии ҷаҳон соли чорум пай дар пай мушоҳида гардид. Обшавии пиряхҳо ба омилҳои хатарҳои геологӣ, экология, захираҳои обии минтақавӣ ва сифати об ҳам дар наздикии бевоситаи пиряхҳо ва ҳам дар поёноби онҳо, инчунин ба тавозуни энергетикии ҷаҳонӣ ва тавозуни тағйирёбии сатҳи баҳр таъсир мерасонад.

Захираҳои обӣ — захираҳои ҷаҳонии об дар хушкӣ (обҳои зеризаминӣ, дарёҳо, обанборҳо, пиряхҳо ва қабати барф) аз соли 2014 инҷониб коҳиш меёбанд. Соли 2025 дар 42 фоизи минтақаҳои таҳқиқшудаи ҷаҳон захираҳои об дар обанборҳои рӯизаминӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи бисёрсола дар сатҳи 25 фоиз поёнтар аз меъёр буданд.

Ҳодисаҳои шадиди офатҳои табии ба ҳаёти одамон ва манбаъҳои зиндагии онҳо таъсиррасонида амнияти озуқавориро халалдор карданд, камбизоатиро амиқтар сохтанд ва ба кӯчиши аҳолӣ дар бисёр минтақаҳо мусоидат намуданд. Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, мавҷҳои гармӣ, хушксолӣ ва сӯхторҳои табиӣ дар Аврупо боиси беш аз 30 000 фавти бармаҳал гардида, ҳадди ақалл дар ҳашт давлат рекордҳои миллии ҳарорат ба қайд гирифта шуданд ва пайомадҳои вазнин дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёт мушоҳида шуданд.

Тибқи арзёбиҳо, ҳангоми мавҷи гармӣ моҳи апрели соли равон гармии шадид дар Ҳиндустон 146,5 миллион нафарро фаро гирифт. Фурӯравии пирях дар Ҳимолой ва обхезии фалокатбори босуръат инкишофёбанда дар поёноби он охири моҳи август ҷони беш аз 1300 нафарро рабуда, ба иқтисодиёти Непал хисороти бузург расонид.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш изҳор дошт, ки «мо ба давраи нави ҳодисаҳои шадиди иқлимӣ ворид шудем. Ҳодисаи пуриқтидортарини Эл-Нинйо ба сайёрае зарба мезанад, ки бе ин ҳам бар асари тағйирёбии антропогении иқлим аз меъёр берун шудааст. Рекордҳо аз рӯйи нишондиҳандаҳои иқлимӣ нав шуданро идома медиҳанд. Талафот барои инсоният рӯ ба афзоиш аст. Ва онҳое, ки дар ҳодисаҳои рухдода камтар гунаҳкоранд, бештар ва сахттар аз ҳама зарар мебинанд.

Роҳбарон бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат карда, раванди коҳиш додани партовҳоро суръат бахшанд, талошҳоро барои гузариши одилона аз намудҳои сӯзишвории истихроҷшаванда фаъол гардонанд ва кишварҳои осебпазирро бо маблағгузорӣ ва ҳимояе, ки ба он ниёз доранд, таъмин намоянд».

Анвар ҲОМИДОВ,
 мудири шуъбаи гидрометеорология ва тағйирёбии иқлими
Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи
А
кадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои географӣ

 АКС аз манбаъҳои боз

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj