ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр, соати 15:00 дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоиши омоданамудаи Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов — «Рустам ва Деви сафед» пешкаши тамошобинон гардонида мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон хабар доданд, намоиш дар асоси қаҳрамонҳо ва ривоятҳои асари безаволи «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ таҳия гардида, муаллиф ва коргардони он Шамсияи Қосим мебошад.
Асар бо равиши навоваронаи саҳнавӣ мероси адабии ниёгонро бо воқеияти зиндагии насли имрӯза пайванд дода, таъсири технологияҳои рақамӣ ва шабакаҳои иҷтимоиро ба ҳаёти кӯдакону наврасон инъикос менамояд.
Дар меҳвари намоиш бархӯрди ҷаҳони қаҳрамонони «Шоҳнома» бо муҳити муосири рақамӣ қарор дошта, тавассути образҳои кӯдакони тоҷик — Рӯъё ва Рустам масъалаҳои озори равонӣ дар фазои интернетӣ, фишори муҳити маҷозӣ, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ва дуршавии насли наврас аз арзишҳои фарҳангӣ матраҳ мегарданд.
Дар намоиш Деви сафед ҳамчун рамзи таҳдидҳои ҷаҳони рақамӣ муаррифӣ шуда, таъсири манфии муҳити маҷозӣ ба афкор, рафтор ва муносибатҳои инсонро таҷассум менамояд. Ҳадафи асосии намоиш тавассути истифодаи имконияти муосири ҳунари саҳнавӣ ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба мероси адабию фарҳангии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои ниёгон ва баланд бардоштани маърифати истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Намоиши «Рустам ва Деви сафед» бо омезиши ҳикоягӯии саҳнавӣ, унсурҳои муосири тасвирӣ ва муҳтавои рақамӣ таҳия гардида, ба таҳкими робитаи насли ҷавон бо мероси фарҳангӣ ва дарки мушкилоти ҷаҳони муосир равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Театри «Аҳорун» (Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов) яке аз муассисаҳои ҳунарии шаҳри Душанбе буда, дар самти рушди театри муосир ва ҷустуҷӯҳои навоваронаи саҳнавӣ фаъолият менамояд. Театр анъанаҳои ҳунарии мактаби театрии Фаррух Қосимро идома дода, дар фаъолияти эҷодӣ мероси фарҳангӣ ва равишҳои муосири театриро ба ҳам мепайвандад.
АКС: Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






