20.11.2026 ш.Душанбе. Имрӯз дар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» бо шукуҳи хоса баргузор гардид.
Ҳадаф аз роҳандозии озмуни мазкур ин ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебопарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муарифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистони азизамон эҳё гардида, бо суръат рушд менамояд.
Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва ҳунармандони соҳибтаҷриба аз чор ноҳияи пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни озмун аз номоиши ҳунари ҳунармандони соҳибзавқу ботаҷрибаи чор ноҳияи пойтахт дидан намуда, ба ҳунари воло ва дастранҷи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода суханронӣ намуда, мақсади баргузории фестивалро баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, қадру манзалати ҳунари миллӣ, рушди ҳунарҳои миллӣ дар пойтахт, инчунин муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ маънидод намуд.
Баъдан дар фазои тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуни «Ҳунарманди сол» бо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз ҷумла, дар номинатсияи «Тарроҳӣ» ҷойи якумро Боқиева Гулбар аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюмро Саидова Фарида аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷойҳои сеюмро Икромова Нигина аз ноҳияи Сино ва Ғаффурова Раҷабмоҳ аз ноҳияи Шоҳмансур ишғол намуданд.
Дар номинатсияи «Наққошӣ» ҷойи якум насиби Саидов Наврӯз аз ноҳияи Шоҳмансур гардида, ҷойи дуюмро Ёдгорова Давлатбӣ аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойҳои сеюмро Гайфумин Руслан аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Алиҷонова Юлдуз аз ноҳияи Фирдавсӣ соҳиб шуданд.
Дар номинатсияи «Кундалнигорӣ» ҷойи якумро Каримзода Комрон аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷойи дуюмро Ниёзов Доро аз ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойҳои сеюмро Турсунов Собирҷон аз ноҳияи Шоҳмансур ва Каримова Жасмин аз ноҳияи Сино ишғол намуданд.
Дар номинатсияи «Армуғони сайёҳӣ» ҷойи якум ба Абдуллоев Абдуваллӣ аз ноҳияи Сино, ҷойи дуюм ба Ғуломов Саидислом аз ноҳияи Сино ва ҷойҳои сеюм ба Давлатов Афзал ва Холов Афзалшоҳ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дода шуданд.
Ҳамзамон, дар номинатсияи «Зардӯзӣ» ҷойи якумро Шукурова Фариштамоҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ, ҷойи дуюмро Қаландарова Назрӣ аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва ҷойҳои сеюмро Ҷумаева Ҷонона аз ноҳияи Сино ва Донаева Замира аз ноҳияи Фирдавсӣ соҳиб гардиданд.
Ҳамин тариқ, дар даври дуюми озмун аз рӯйи 5 номинатсия 20 нафар иштирокчӣ сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Манбаъ: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе · dushanbe.tj






