ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 1 январи соли 2027 дар Федератсияи Русия якчанд тағйиру иловаҳо ба қонунгузории муҳоҷират мавриди амал қарор мегиранд, ки ба тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо дахл доранд.
– Тибқи иттилои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират, ин тағйирот, пеш аз ҳама, ба таъмини хароҷоти зиндагии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, муҳлати будубоши фарзандони муҳоҷирон ва тартиби қонунии фаъолияти меҳнатӣ марбут мебошанд.
Мувофиқи талаботи нав, шаҳрванди хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Русия дар асоси патент фаъолияти меҳнатӣ анҷом медиҳад, вазифадор мешавад, ки хароҷоти зиндагии худ ва аъзои оилаи ҳамроҳашро дар сатҳи на камтар аз ҳадди ақалли таъминоти зиндагӣ таъмин намояд.
Ҳамзамон муҳлати будубоши муваққатии фарзандони муҳоҷирони меҳнатие, ки падар ё модари онҳо дар асоси патент кор мекунанд, ба муҳлати амали патенти волидайн тамдид карда мешавад. Ин тартиб то расидани фарзанд ба синни 18 амал намуда, ба шарти сари вақт пардохт намудани маблағи пешпардохти андоз татбиқ мегардад.
Пас аз расидан ба синни 18 фарзанди муҳоҷири меҳнатӣ бояд давоми 30 рӯз қаламрави Федератсияи Русияро тарк намояд ё патент гирифта, маблағи пешпардохти андозро мустақилона пардохт кунад ва фаъолияти меҳнатиро тибқи талаботи қонунгузорӣ идома диҳад.
Ҳамчунин дар ҳолати тамдид нагардидан ё бекор шудани патент муҳоҷири меҳнатӣ вазифадор мегардад, ки ҳамроҳи фарзандонаш давоми 15 рӯз қаламрави Федератсияи Русияро тарк намояд.
Тағйироти нав дар асоси Қонуни федералӣ ба Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» ворид карда шудаанд.
Намояндагӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ даъват менамояд, ки ба талаботи нави қонунгузории муҳоҷират таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, муҳлати амали патент, пардохти саривақтии маблағҳои пешпардохти андоз ва вазъи ҳуқуқии будубоши фарзандонашонро мунтазам назорат намоянд.
Риояи талаботи қонунгузории кишвари иқомат барои пешгирии мушкилоти ҳуқуқӣ ва таъмини будубоши қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муҳим мебошад.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






