Дар Қатар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-17) ба анҷом расид. Дар натиҷа ҳамаи ҷуфтҳои марҳилаи 1/16-ниҳоӣ муайян гардид.
Дар ин марҳилаи мусобиқа дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар гурӯҳи «F» мақоми сеюмро касб кард, бо тими Италия, ки ғолиби гурӯҳи «E» гардид, вомехӯрад.
Рақобат 30-юми ноябр дар маҷмааи варзишии «Aspire Zone»-и шаҳри Давҳа баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 17:30 ба вақти Душанбе аст.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон маротибаи чорум дар таърихи худ дар чемпионати ҷаҳон миёни наврасон иштирок мекунад. Бори охир футболбозони тоҷик 19 сол пеш дар чемпионати ҷаҳон-2007 аз марҳилаи гурӯҳӣ баромада, то даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфта буданд.
Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj






