РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ДАР БОҒИ «КӮЛИ ҶАВОНОН»-И ПОЙТАХТ
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июли соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Мастчоҳ, намоиш-фурӯши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, Раиси ноҳияи Мастчоҳ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайати фарҳангӣ, кишоварзон, ҳунармандон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ молу маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ, аз ҷумла меваю сабзавоти тару тоза, маҳсулоти ғизоӣ ва дигар дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, инчунин намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумии ноҳия ба намоиш гузошта шуданд. Ҳамзамон, маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастии ҳунармандони ноҳия бо нархҳои дастрас ба сокинон ва меҳмонони пойтахт пешниҳод гардида, мавриди таваҷҷуҳи зиёд қарор гирифтанд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони ноҳияи Мастчоҳ баргузор гардида, бо пешниҳоди суруду таронаҳои дилнишин, рақсҳои ҷолиб ва ҳунарӣ ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид. Консерти идона барои фароғату болидаруҳии сокинон ва меҳмонони пойтахт пешкаш гардида, боиси болидахотирии иштирокчиён шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ