МУАРРИФИИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ВА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ЁВОН ВА ШАҲРИ НОРАК
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар дар пойтахти мамлакат, рӯзи 11 июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Ҳамоиш бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Хатлон, роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ, роҳбарияти ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак, намояндагони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон ва варзиш, сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар ин рӯз ҳайати расмии кори ҳамоиш, сокинон ва меҳмонони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангии сокинони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон аз наздик шинос шуданд.
Махсусан, меҳмонон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ошно шуда, ба маҳорати ҳунармандон, сифати маҳсулоти кишоварзӣ ва фарҳанги волои сокинони ноҳияи Ёвону шаҳри норак баҳои баланд доданд ва чунин иқдомро дар муаррифии имкониятҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ин минтақаҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ зикр гардид, ки дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ бо суръати баланд идома дошта, таъкид гардид, ки чунин корҳои ободонӣ натиҷаи саҳми арзишманди сокинон ва соҳибкорон аст ва мардум бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободии маҳалли зисти худ фаъолона иштирок менамоянд.
Ба боварӣ метавон гуфт, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги ноҳияи Ёвон ва шаҳри Норак дар шаҳри Душанбе шароит ва имконият ба вуҷуд овард, то дастовардҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ин ду минтақаи вилояти Хатлон ба сокинону меҳмонони пойтахт муаррифӣ гардида, анъанаҳои неки миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва заҳмати созандаи мардуми онҳо бештар тарғиб карда шаванд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ