РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ КӮЛОБ ДАР ПОЙТАХТ БО ШУКӮҲИ ХОС БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб бо иштироки сокинону меҳмонони пойтахт дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангӣ дар доираи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, сурат гирифт.
Тавре маълум аст, Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 6 июн то 23 августи соли 2026 ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ва якшанбе, дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Ҳадафи асосии ин ташаббуси фарҳангӣ муаррифии дастовардҳои фарҳангиву ҳунарии минтақаҳои кишвар, эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни сокинони мамлакат мебошад.
Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, дар моҳҳои июн–август амалӣ мешавад.
Дар доираи Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб меҳмонон аз намоиши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастранҷи косибону ҳунармандон, намунаҳои санъати амалӣ, либосҳои миллӣ ва дигар маҳсули эҷоди сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб боздид намуданд. Гӯшаҳои намоишӣ аз фарҳанги ғанӣ, таърихи пурифтихор ва ҳунарҳои қадимаи мардуми ин минтақа дарак медоданд. Маҳсулоти пешниҳодшуда маҳорати баланди ҳунармандон ва ҳифзи анъанаҳои миллиро бозгӯ мекард.
Қисмати консертии чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, ба иштирокчиён барномаи рангину ҷолиб пешкаш шуд. Сурудҳои ватандӯстона, таронаҳои мардумӣ, рақсҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҳунарӣ ба маҳфил шукуҳу шаҳомати хос бахшида, мавриди истиқболи гарми ҳозирин қарор гирифтанд. Ҳунармандон бо иҷрои асарҳои беҳтарини худ фарҳанги ғанӣ ва санъати волои шаҳри Кӯлобро муаррифӣ намуданд.
Сокинону меҳмонони пойтахт аз баргузории чунин рӯзҳои фарҳангӣ истиқбол намуда, онро имконияти мусоид барои шиносоӣ бо расму ойин, ҳунару фарҳанг ва дастовардҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои тарғиби фарҳанги миллӣ, балки барои таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳсоси ифтихори ватандорӣ ва муаррифии иқтидори фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ нақши муҳим доранд.
Баргузории Рӯзи фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Душанбе боз як маротиба собит сохт, ки шаҳри бостонии Кӯлоб дорои мероси бойи таърихиву фарҳангӣ ва анъанаҳои пурғановати ҳунарӣ буда, дар рушди фарҳанги миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Барномаи пурмуҳтаво ва намоиши дастовардҳои фарҳангӣ хотири иштирокчиёнро болида гардонида, рӯҳияи идонаро дар пойтахт боз ҳам афзун намуд.
Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ минбаъд низ тибқи нақша идома ёфта, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе имкон пайдо мекунанд, ки бо фарҳанг, санъат, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои дигар минтақаҳои кишвар аз наздик шинос шаванд. Ин иқдоми фарҳангӣ дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати фарҳангии мардуми кишвар аҳаммияти вижа дорад.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ