ИҶРОИ НАҚШАИ ВОРИДОТИ АНДОЗҲО ВА ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 126,7 ФОИЗ ТАЪМИН ШУДААСТ
Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби мақомоти андоз андешидашуда, нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба андозаи 123,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 17 миллиарду 402,5 миллион сомонӣ ворид шуд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусрутулло Давлатзода.
Дар байни минтақаҳои кишвар иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ дар шаҳри Душанбе ба 126,7 фоиз расонида шудааст.
Ин натиҷаҳо дар заминаи иҷрои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, рақамикунонии хизматрасониҳои андоз, ба роҳ мондани бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ дар шакли электронӣ ва пурзӯр намудани корҳои назоратӣ ба даст омадаанд.
Тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, то 1 июли соли 2026 шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 391,2 ҳазор расидааст, ки нисбат ба аввали сол 10,3 ҳазор зиёд мебошад.
Дар идомаи нишасти хабарӣ таъкид шуд, ки тайи солҳои охир номгӯи модулҳои барномавии Системаи иттилоотии андоз ва хизматрасониҳои электронии мақомоти андоз ба таври назаррас васеъ гардида, айни замон тавассути онҳо барои андозсупорандагон ва шаҳрвандон зиёда аз 50 намуди хизматрасонии электронӣ дастрас шудааст.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ