НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар шаш моҳи аввали соли 2026 ҷамъбаст гардида, оид ба дастовардҳо дар самти таълим, илм, тарбия, робитаҳои байналмилалӣ ва иқтисоду хоҷагидорӣ маълумот пешниҳод карда шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти донишгоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол дар донишгоҳ 17 ҳазору 902 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 6 ҳазору 48 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 11 ҳазору 854 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил доранд. Таълим дар донишгоҳ аз рӯйи 93 ихтисос ба роҳ монда шуда, фаъолияти 14 факултет ва 63 кафедра таъмин гардидааст.
Дар доираи баланд бардоштани сифати таълим ва рушди раванди рақамикунонӣ аз ҷониби омӯзгорон дар давраи ҳисоботӣ 1459 дарси видеоӣ таҳия гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 464 адад зиёд мебошад.
Ҳамчунин, барои шуъбаи рӯзона 13 ва барои шуъбаи ғоибона 8 ихтисоси нав таъсис дода шуда, бақайдгирии довталабон аз рӯйи онҳо идома дорад. Теъдоди гурӯҳҳои таҳсилашон ба забони русӣ низ аз 34 ба 54 гурӯҳ расонида шудааст.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ таъкид гардид, ки дар доираи такмили сохтори донишгоҳ факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ба ду факултети мустақил — «Факултети забони англисӣ» ва «Факултети забони хитойӣ ва кореягӣ» — ҷудо карда шудааст.
Дар ин давра 780 нафар донишҷӯёни курсҳои сеюм ва чорум барои гузаштани таҷрибаомӯзии педагогӣ ба муассисаҳои гуногуни таълимӣ сафарбар гардиданд.
Дар нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳои худ вобаста ба фаъолияти донишгоҳ ва самтҳои минбаъдаи рушди он ҷавоб гирифтанд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ