ҲАМОИШИ ҶАВОНОН БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ САЗОВОРИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар толори Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиши ҷавонон бахшида ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли соҳа зимни суханрониҳо аз аҳамияти бузурги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддастарин дастоварди сиёсиву таърихии миллати тоҷик ёдоварӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардида, дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоиста касб намудааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа бояд дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани маърифати ҷомеа ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори кишвар нақши муассир дошта бошанд. Ҳамзамон оид ба сиёсати давлатии ҷавонон иброз гардид, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои касбии худро пайваста такмил диҳанд, технологияҳои муосирро аз худ намоянд ва ҳамчун неруи созанда дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Валиҷон Шарифзода
"Телевизиони Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ