image

ҶАЛАСАИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИИ №9 БАРГУЗОР ГАРДИД

date_range10.08.2026, 14:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

Дар Муассисаи давлатии Маркази саломатии шаҳрии №9 бо иштироки Раҷабзода Беҳрӯз, ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Гулаҳамадзода Хуршеда, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии нохияи Синои шаҳри Душанбе инчунин намояндагони дигар сохторҳои марбута ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла пешгирии фарҳанги бегона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, мубориза бар зидди нашъамандӣ ва рӯй овардани ҷавонону наврасон ба воситаҳои нашъадор, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон дар самти пешгирии омилҳои номатлуб, ҳифзи саломатӣ ва тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ барои таъмини зиндагии солим ва рушди ҷомеа аҳамияти калон дорад.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён оид ба масъалаҳои матраҳшуда мубодилаи афкор намуда, барои густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории зичи сохторҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, нашъамандӣ ва бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои судманд иброз карданд.