image

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ЗАМОНАВӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ЛУЧОБИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range27.08.2026, 10:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye3

26 августи соли 2026 дар маҳаллаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, фаъолон ва сокинони маҳаллаи Лучоб маросими ба истифода додани майдончаи муосири варзишӣ баргузор гардид.

Майдончаи варзишӣ ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи сиёсати созандаву дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд гардида, барои истифодаи дӯстдорони варзиш ва наврасону ҷавонони маҳаллаи Лучоб ба истифода дода шуд.

Қобили зикр аст, ки майдончаи мазкур бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд гардида, барои рушди варзиши оммавӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наврасону ҷавонон заминаи хуб фароҳам меорад.

Аз ҷониби масъулин ба корҳои сохтмонӣ ва сифати майдончаи варзишӣ баҳои баланд дода шуда, таъкид гардид, ки майдончаи варзишӣ дорои сифати баланд буда, бо шароити зарурӣ таъмин мебошад. Боварӣ дорем, ки он солҳои зиёд барои машқу тамрини варзишгарон ва дӯстдорони варзиш хизмат намуда, дар тарбияи ҷисмониву маънавии насли ҷавон саҳми арзанда мегузорад.

Зимни маросим аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино ба соҳибкорон ва шахсони ташаббускори бунёди майдончаи варзишӣ барои саҳми арзандаашон дар ободонӣ ва рушди инфрасохтори иҷтимоӣ изҳори сипос баён гардид.

Бунёди чунин иншооти варзишӣ дар маҳаллаҳо аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ буда, ба рушди варзиши оммавӣ ва ҷалби бештари ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.