image

ДАР НОҲИЯИ СИНО КОРХОНАИ ҶАДИДИ ИСТЕҲСОЛИ ШАРБАТИ МЕВА БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД

date_range27.08.2026, 10:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

26 августи соли 2026 дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Меҳриддин Тоҳирзода, раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино корхонаи нави истеҳсоли шарбатҳои меваи ҶДММ «Лимуи Сурхоб» ба истифода дода шуд.

Корхонаи мазкур др партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар доираи иқдомҳои созанда ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе, бахусус сиёсати бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъсис ёфта, ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Афзалшоҳи Мирмаҳмад бо ҳамроҳии бародаронаш дар масоҳати 2000 метри мураббаъ бунёд гардида, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ то 40 тонна шарбати мева мебошад. Таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ворид карда шуда, имконият фароҳам меорад, ки маҳсулоти босифат ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори муосир истеҳсол карда шавад.

Корҳои сохтмонии корхона соли 2025 оғоз гардида, то имрӯз бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин лоиҳа 1,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои масъулин, дар марҳилаи аввали фаъолияти корхона таъсиси 50 ҷойи нави кори доимӣ дар назар дошта шудааст. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолоти ватанӣ, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои роҳбарияти корхона, иқтидори истеҳсолии он имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ бо шарбатҳои меваи тару тоза ва маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ таъмин гардида, дар оянда имконияти содироти маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ низ фароҳам оварда шавад.

Зимни боздид меҳмонон аз озмоишгоҳи корхона низ дидан намуда, бо раванди назорати сифати ашёи хом ва маҳсулоти тайёр шинос шуданд. Таъкид гардид, ки дар корхона ба сифати маҳсулот, риояи меъёрҳои технологӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Қайд гардид, ки таъсиси чунин корхонаҳои муосири саноатӣ дар пойтахт, пеш аз ҳама, натиҷаи татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар самти рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Дар рафти боздид ба соҳибкорони корхона аз номи роҳбарияти шаҳри Душанбе, бахусус Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, барои саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, бунёди корхонаи нави замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кори доимӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ карда шуд.

Масъулин таъкид намуданд, ки минбаъд низ барои рушди иқтидори истеҳсолии корхона, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.